Имрӯз мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Тайланд бозӣ мекунад

Имрӯз мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Тайланд бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев  дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар чаҳоргонаи «С» бо тими Тайланд бозӣ мекунад.

Ин дидор имрӯз, 22 апрел дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и Давҳа баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии олимпии Тоҷикистон дар даври аввал аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2 бар 4 ноком шуд. Дар даври дуюм ҳам миллипӯшони мо бо ҳамин ҳисоб аз Ироқ мувоҷеҳи шикаст шуданд.