«Интер» аз “Ювентус” пеш гузашт

«Интер» аз “Ювентус” пеш гузашт

Рақобати даври 12-уми Серияи А барои “Интер” бо муваффақият оғоз шуд. Дар ин давр футболбозони шаҳри Милан бар тими “Верон” бо натиҷаи 2:1 дастболо шудаанд. Голи нахустини ин бозиро аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ниммуҳофизатгари меҳмонон Валерио Верре ба самар расонид. Дар миёни қисми дуюми бозӣ футболбози аргентинии “Интер” Матиас Весино ҳисобро баробар кард. Дар ин дидор нуқтаи ниҳоиро Николо Барелла дар дақиқаи 83-юм гузошт. Баъди ин бозӣ “Интер” бо касби 31 хол аз “Ювентус” пеш гузашта, садрнишини ҷадвали Серияи А гардид. 

Чемпионати Италия. Серия А. Даври 12-ум

«Интер» (Милан) — «Верона» (Верона) — 2:1 (0:1)

Голҳо: Весино, 65. Барелла, 83. — Верре, 19 ( пеналти).