“Интер” ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Италия баромад

“Интер” ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Италия баромад

Дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Италия “Интер” дар майдони худ бо “Каляри” рақобат кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Ҳисобро дар оғози бозӣ ҳамлавари “Интер” Ромелу Лукаку боз кард. Борха Валеро дар дақиқаи 22-юм пешсафии мизбононро дастаро дуболо кард. Дар оғози қисми дуюми дидор Лукаку як голи дигар зада, дуюл кард. Ягона голи меҳмононро Кристиан Олива ба ҳадаф расонид. Нуқтаи ниҳоии дидорро бозингари “Интер” Андреа Раноккия аз дастаи гузошт. Пас аз ин пирӯзии худ “Интер” ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Италия баромад. Қаблан дастаҳои “Торино” ва “Наполи” бо шикаст додани рақибони худ ба даври навбатӣ роҳ ёфта буданд.

Рақиби шогирдони Антонио Конте пас аз бозии тимҳои «Аталанта» ва «Фиорентина» муаяйн мегардад.