Ироқ ба финали Ҷоми Осиё 2023 баромад!

Ироқ ба финали Ҷоми Осиё 2023 баромад!

Дар доираи бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Осиё 2023 миёни мунтахабҳои то 20 сола имрӯз дастаҳои Ироқ ва Ҷопон ба ҳам омаданд.  Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷар”  доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 2 (5:3 пеналтӣ) ба  суди ҷавонони то 20 солаи  Ироқ   хотима ёфт.

Вохӯрии дастаҳо хело ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Ҳарчанд пеш аз оғози бозӣ ҳама бартариятро ба ҷопониҳо медоданд, лек футболбозони мунтахаби Ироқ тавонистанд, ки дар майдон бозии дастаҷамъона ва зебоеро нишон бидиҳанд.

Қисми аввали бозӣ бо бартарии ироқиҳо ба анҷом расид. Ягона голро Али Ҷасим дар дақиқаи 12-уми бозӣ аз ирсоли головари Аҳмад Исмоил истифода бурда ба самар расонид.

Дар қисми дуюми бозӣ пас аз тағйиротҳо ҷавонони то 20 солаи Ҷопон нисбат ба рақиб хуб майдондорӣ карданд. Эйнага Такатора пас аз ба майдон баромаданаш дар дақиқаи 83-юм ҳисобро мусовӣ кард.

Ҳамин тавр, вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёфту довар барои муайян намудани ғолиб боз 30 дақиқаи дигар илова кард.

Дақиқаҳои иловашударо ироқиҳо хуб шуруъ карданд. Муҳаммад Ҷамил дар дақиқаи 103-юм дар ҳисоб мунтахаби то 20 солаи Ироқро пешсаф кард. Дар идома дар дақиқаи 118-ум голи беҳтарин нишонзани мусобиқа,  Наоки Кумата ҳисоби бозиро мусовӣ кард.

Ҳамин тавр, барои муайян намудани ғолиб довар силсила зарбаҳои 11 метра таъйин кард. Футболбозони мунтахаби Ироқ 5 зарбаро дуруст иҷро карданд. Аз ҳайати Ҷопон Сано Кодаи иштибоҳ кард ва ҷавонони то 20 солаи Ироқ ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.

Шоми имрӯз дар бозии дигар миёни мунтахабиҳои то 20 солаи Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ иштирокчии дигари даври ниҳоӣ муайян хоҳад шуд. Финали мусобиқа рӯзи 17-уми март дар назар аст. Ноибқаҳрамони мусобиқа мунтахаби Арабистони Саудӣ маҳсуб мешавад. 

Ҷоми Осиё 2023  | Даври нимниҳоӣ

Ироқ – Ҷопон 2:2 (5:3 пеналтӣ)

Голҳо: Ҷасим 12, Эйнага 83, Ҷамил 103, Кумата 118