Иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба қатл расониданд

Иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба қатл расониданд

Ҷасади давандаи машҳури Кения - Агнес Ҷебет Тиропро дар хонааш пайдо карда шуд. Дар ҷасади варзишгар захмҳои корд пайдо шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи варзиши сабуки Кения.

Варзишгари 25-солаи Кения дар давидан ба масофаи 10 000 метр барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар солҳои 2017 ва 2019 шуд. Дар Бозиҳои олимпии Токио Тироп дар давидан ба масофаи 5000 метр дар ҷои чорум қарор гирифт ва аз ҷои сеюм камтар аз 1 сония қафо монд (14: 39.62). Бино ба маълумоти пешакӣ, эҳтимол аст, ки варзишгари 25-сола аз ҷониби ҳамсари худ ба қатл расонида шудааст.