Иско аз муоинаи тибии “Унион” нагузашт ва шартнома бекор карда шуд

Иско аз муоинаи тибии “Унион” нагузашт ва шартнома бекор карда шуд

Нимҳимоятгари испанӣ -  Иско бо дастаи “Унион”-и  Берлин шартнома имзо намекунад.

Футболбози испании  28-сола аз муоинаи тиббии дастааш дирӯз гузашта натавонист ва ҳамин тавр бошгоҳ  аз музокироти минбаъда худдорӣ кард.

Бо вуҷуди ин, Иско дар Олмон имкони ҳунарнамоӣ карданро  дорад. Ба навиштаи Bild,  бошгоҳи “Лейптсиг”  бо намояндагони футболбоз тамос гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2022 футболбоз шартномаашро бо “Севиля”, ки аз моҳи августи соли гузашта дар он бозӣ мекард, қатъ кард. Иско  дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати “Севиля”  19 бозӣ карда, 1 гол ва 3 партофти головар анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Иско дар дастаҳои “Малага”, “Реал Мадрид” ва “Севиля” бозӣ кардааст.