Расман: Энтсо Фернандес — бозигари «Челси»

Расман: Энтсо Фернандес — бозигари  «Челси»

Дар охирин лаҳзаҳои трансфери зимистона бошгоҳи “Челси” тавонист, ки гузариши рекордиеро дар чемпионати Англия сабт кунад.  "Челси" барои футболбози аргентинӣ Энтсо Фернандес 121 миллион евро пардохт кард. Пеш аз ин рекорд ба трансфери Ҷек Грилиш тааллуқ дошт, ки барои он «Манчестер Сити» ба «Астон Вилла» тақрибан 100 миллион евро пардохт карда буд.

Энтсо ҳаштумин хариду фурӯши «Челси» дар равзанаи трансфери моҳи январ аст. Дар маҷмӯъ, бошгоҳи шаҳри Лондон  таҳти роҳбарии соҳибмулки нав  Тодд Боули аллакай 16 интиқолро анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки маблағи гузариш 121 млн евро буда, шартнома то тобистони соли 2031 ба тасвиб расид. Аргентинии 22-сола дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати уқобҳо 29 бозӣ анҷом дода, 4 гол ва 7 партофти головар кардааст.