Ислом Махачев айши Дэн Хукерро талх кард

Ислом Махачев айши Дэн Хукерро талх кард

Санаи 30-юми октябри соли 2021 дар «Ҷазираи рақобатҳо»-и шаҳри Абу-Даби мусобиқаи UFC 267 баргузор шуд.

Яке аз рақобатҳои асосии ин мусобиқа ин дидори размоварон Ислом Махачеви рус ва Дэн Хукер аз Зеландияи Нав ба шумор мерафт. Рақобати ҳарифон пуршиддат баргузор шуда, ҳанӯз дар раунди аввал бо пирӯзии размовари рус Ислом Махачев хотима ёфт. Қобили қайд аст,ки ин 21-умин пирӯзии Махачев дар фаъолияти варзишиаш ба шумор меравад.