Испания дарвозаи Коста Рикаро голборон кард

Испания дарвозаи Коста Рикаро голборон кард

Тими миллии Испания дар нахустин бозии худ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар Коста-Рика пирӯз шуд.

Дарвоқеъ, натиҷаи вохӯрӣ дар ним соати бозӣ хулосаи пешакӣ буд. Он вақт испаниҳо аллакай бо ҳисоби 3:0 пешқадам буданд. Баъдан, дастаи Луис Энрике танҳо бартарии худро афзун кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е» Олмон аз Ҷопон шикаст хӯрд.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “E” | Даври 1

Испания - Коста-Рика 7:0 (3:0)

Голҳо: Олмо 11, Асенсио 21, Торрес 31, пенс 54, Гави 74, Солер 90, Мората 90+2