Испания рақибашро голборон кард

Испания рақибашро голборон кард

Дар бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Евро-2020 дастаи Испания дар хонааш бо тими миллии Малта вохӯрӣ намуд. Дар ин майдондорӣ “сурхпӯшҳо” ба дастаи рақиб раҳм накарда, ба дарвозаи онҳо 7 голи беҷавоб заданд. Баъди ин бозӣ мунтахаби Испания соҳиби 23 хол гардида, пешсафи ҷадвали гурӯҳи “Ғ” гардид. Ногуфта намонад, ки мунтахаби Испания аллакай роҳхати даври гурӯҳии Евро-2020-ро соҳиб гардидааст. 

Чемпионати Аврупо

Марҳилаи интихобӣ

Гурӯҳи F

Испания — Малта — 7:0 (2:0)

Голҳо: Мората, 23 (1:0). Касорла, 41 (2:0). Пау Торрес, 62 (3:0). Сарабия, 63 (4:0). Олмо, 69 (5:0). Морено, 71 (6:0). Хесус Навас, 85 (7:0).

Испания: Пау Лопес, Хесус Навас, Албиол, Серхио Рамос (Пау Торрес, 60), Бернат, Тиагу Алкантара, Эрнандес, Касорла (Пако Алкасер, 53), Морено, Мората (Олмо, 66), Сарабия.

Малта: Бонелло, Карболан (Микаллеф, 33), Ҷ.Каруана, Аҷус, З.Мускат, Пизани (Греч, 75), Пайбер, Велла, Р.Мускат (Т.Каруана, 63), Мбонг, Нвоко.