Истанбул мизбони Чемпионати ҷаҳон
12-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон 4-19 декабри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор мешавад. Макони баргузории чемпионат маҷмааи варзишии “Башакшеҳир” интихоб шудааст, ки шароити тамрин ва машқи баданро дорад.
Муҳорибаҳо аз 7 декабр оғоз гардида, шуруъ аз 18 декабр метавон қисмати финалиро тамошо кард. Мисли чемпионати ҷаҳон миёни мардҳо, барои бонувон низ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст: ҷои аввал - 100 000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 50 000 ва ҷои сеюм - 25 000 доллари ИМА.
Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон соли 2001 – бист сол пеш – дар Скрэнтони ШМА доир гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия, Подолск, Деҳлӣ (ду маротиба), Нинбо, Бриҷтоун, Синхуандао, Ҷеҷу, Остона ва Улан-Удэ мизбони ин чорабинӣ буданд.
Бонувон дар Истанбул аз рӯи 12 категорияи вазнӣ рақобат мекунанд: 48кг; 50кг; 52кг; 54кг; 57кг; 60кг; 63кг; 66кг; 70кг; 75кг; 81кг; +81кг.