«Истиқлол» ба 850 гол расид!

«Истиқлол» ба 850 гол расид!

Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон ба задани голи 850-ум даст ёфт. Дар бозии марказии даври 24-уми чемпионати Тоҷикистон бо КМВА (3:1), ба «Истиқлол» муяссар шуд, ки голи 850-уми худро дар чемпионати кишвар ба қайд гирад. Голи ҷашниро легионери ҷопонии даста Рёта Нома дар дақиқаи 6-ум ба дарвозаи ҳариф зад. Ҷолиби диққат ин аст, ки Рёта Нома ҳамчунин муаллифи голи 800-уми «Истиклол» ба ҳисоб меравад. Барои ба даст овардани ин натиҷа ба «Истиқлол» 289 бозӣ лозим шуд.