«Реал» аввалин бошгоҳе гардид, ки...
Дастаи «Реал» дар бозии даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бар зидди “Шахтёр” (2:1) голи 1000-уми хешро дар ин мусобиқа ба самар расонид. Карим Бензема, ки дар дақиқаи 14-ум ҳисобро кушод муаллифи голи ҷашнӣ шуд. “Гаразмониҳо” аввалин бошгоҳе шуданд, ки ба ин натиҷа дар таърихи баргузории ЛЧ даст ёфтанд.
Тафовути “Реал” аз ҳарифи наздиктаринаш тақрибан 200 голро ташкил медиҳад.