«Истиқлол» ба силсилабозиҳои бебохти КМВА нуқта гузошт

«Истиқлол»  ба силсилабозиҳои бебохти КМВА нуқта гузошт

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии марказии даври 24-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон тими КМВА-ро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб намуд. Голҳои мизбононро Рёта Нома (дақ.6), Андрей Мишенко (дақ.16) ва Шервони Мабатшоев (дақ.21 аз пеналти) ба ҳадаф расонданд. Голи ягонаи меҳмононро  Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 70-ум зад.

Маврид ба ёдоварист, ки КМВА пас аз 12 бозӣ бори аввал дучори бохт шуд. Пас аз ин ғалаба «Истиқлол» мавқеи худро дар ҷадвали Лигаи олии мамлакат тақвият бахшида, бо ба даст овардани 55  имтиёз ҳамоно садрнишин мебошад. Бозии ояндаи худро «Истиқлол»  рӯзи   6 ноябр доир менамояд. Дар доираи бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон  «Истиқлол» дар майдони худ тими «Эсхата»-ро қабул менамояд.

Лигаи футболи Тоҷикистон.  Даври 24-ум

«Истиқлол» - КМВА - 3:1

Голҳо:  Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 16 (2:0).  Шервони Мабатшоев, 21 аз пеналти (3:0).  Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).