"Истиқлол" бозии дуюмашро доир кард

"Истиқлол" бозии дуюмашро доир кард

Бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе бозии дуюми санҷишии худро дар доираи машқҳои таълимӣ-тамринӣ дар вилояти Суғд бо дастаи “Суғдиёна”-и Ӯзбекистон доир намуд. Дар ин вохӯрӣ, ки дар варзишгоҳи “Ҷар”-и шаҳри Тошканд доир шуд, дастаи футболи шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0:2 ноком   шуд. Ҳарду голҳоро Шоҳрӯз Норхонов ба самар расонид. Рақобати сеюми дӯстонаи худро “Истиқлол” 24 июл бо дастаи “Локомтив”-и Ӯзбекистон доир мекунад.