Иттиҳоди гӯштини ҷаҳонӣ тақвими мусобиқаи соли 2020-ро нашр кард

Иттиҳоди гӯштини ҷаҳонӣ тақвими мусобиқаи соли 2020-ро нашр кард

Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) тақвими мусобиқаҳои ояндаи соли 2020-ро нашр кард. Мусобиқаҳои байналмилалии гӯштин бо сабаби авҷи вируси корона дар ҷаҳон то 31 август манъ карда шуда буд. Нақшаи нав, инчунин, шарту шароити баргузории мусобиқаҳоро дарбар мегирад, ки ба бехатарии солимии варзишгарон ва намояндагони расмӣ нигаронида шудааст. Мусобиқаҳо бояд шароити умумии санитариро таъмин кунанд ва имкони омаду рафти варзишгаронро ба инобат гирифта, чораҳои зидди коронавирусро андешанд.

Чораҳои қатъӣ зимни мусобиқаҳо бо мақсади фароҳам кардани шароити ниҳоии бехатарӣ дар баррасии комиссияҳои гуногуни UWW қарор дорад. UWW, ҳамчунин бо Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ин масъала ҳамкорӣ мекунад.

Ҳамаи мусобиқаҳое, ки соли 2020 баргузор мешаванд, бояд бо шарту шароити муайянкардаи кумитаи иҷроияи UWW мувофиқат кунанд. Дар мусобиқаҳо бояд аз 10 дастаи беҳтарини радабандӣ 8 даста ва ҳадди ақал 70 дарсади кишварҳои иштирокчӣ ширкат намоянд.

Шарту шароити мумкин барои баргузории мусобиқаҳо бояд бо UWW ва кишвари мизбон ду моҳ қабл аз мусобиқа тасдиқ карда шавад. Агар талабот риоя гардад, мусобиқаҳо дар санаҳои зерин иҷозат дода мешавад:

- Чемпионати Аврупо миёни наврасон - Полша - 05-11.10.2020

- Чемпионати Аврупо миёни ҷавонон - Скопе, Македония - 19-25.10.2020

- Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (U23) - Тампере, Финландия - 23-29.11.2020 

Барои кам кардани хатар ва назорати бехатарии мусобиқаҳо Кумитаи иҷроияи UWW қарор қабул кард, ки чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар моҳи декабр ҳамроҳ бо чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон баргузор шавад. Мизбони ҳар ду чорабинӣ Белград (Сербия) хоҳад буд.

- Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон - Белград, Сербия - 04-10.12.2020

- Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон - Белград, Сербия - 12-20.12.2020

Манбаъ: http://olympic.tj/