Изҳороти Анчелотти дар бораи бозӣ бо “Барселона”

Изҳороти Анчелотти дар бораи бозӣ бо  “Барселона”

“Рақобати “Реал Мадрид” ва “Барселона” барои мухлисони Испания як бозии махсус ва муҳим ба шумор меравад. Ин бозии оддӣ нест. Мо муқобили “Шахтёр” бозии беҳтарин нишон додем ва бояд дар ҳамон рӯҳия зидди “Барселона” ба майдон бароем. Фикр мекунам, Карвахал ва Азар ба мавқеъҳои худ бармегарданд ва мо имкон дорем, ки ба ин бозӣ ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати тактикӣ хуб омода гардем. Бозингарони мо хуб медонанд, ки бозӣ бо “Барселона” чӣ маъно дорад. “Барселона” мушкилии зиёд дошт, вале даста дар ҳолати барқарор шудан қарор дорад”- иқтибос меорад суханҳои Анчелоттиро хадамоти матбуотии бошгоҳи “Реал Мадрид”

Маврид ба зикр аст, ки бозӣ миёни “Реал Мадрид” ва “Барселона” дар доираи даври 10-уми Ла-Лигаи Испания шоми 24-уми октябр дар майдони “Камп Ноу” доир мегардад.