Камбэки аргентиниҳо дар бозӣ бо машинаи олмонӣ

Камбэки аргентиниҳо дар бозӣ бо машинаи олмонӣ

Дар бозии дӯстона яккачинҳои абарқудрати ҷаҳон Олмон ва Аргентина рӯёрӯи ҳам омаданд. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи «Сигнал Идуна Парк»-и шаҳри Дортмунд баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар дақиқаи 15-уми майдондорӣ Серж Гнабрии олмонитабор ҳисобро боз кард. Пас аз сипари шудани 7 дақиқаи дигар олмониҳо голи дуюмашонро ба ҳадаф расоинданд. Ҳамин тавр қисми якуми бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба нафъи машинаи олмонӣ хотима ёфт. Дар қисми дуюми дидор аниқтараш дар дақиқаҳои 66-ум ва 85-ум аргентиниҳо ба дарвозаи тер Стеген ду голи ҷавобӣ ворид намуда, ҳисоби дидорро баробар намуданд. Ҳамин тавр бозӣ байни тимҳо бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Акнун санаи 13-уми октябр Олмон дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Евро-2020 бо тими Эстония бозӣ мекунад. Аргентиниҳо бошанд, бо яккачини Эквадор рақобати дӯстона анҷом медиҳанд. 

Бозии дӯстона

Олмон — Аргентина — 2:2 (2:0)

Голҳо: Гнабри, 16 (1:0). Хавертс, 22 (2:0). Аларио, 66 (2:1). Окампос, 85 (2:2).

Олмон: тер Штеген, Клостерманн, Кох, Зюле, Халстенберг, Гнабри (Сердар, 71), Киммих, Эмре Ҷан, Хавертс (Руди, 83), Брандт (Амири, 66), Валдшмидт.

Аргентина: Марчесин, Фойт, Отаменди, Рохо (Акуня, 46), Таляфико, Перейра (Саравия, 76), Паредес, Корреа (Окампос, 46), де Паул (Родригес, 90+3), Л.Х.Мартинес, Дибала (Аларио, 62).