Каратсев ба марҳилаи 1/4 ниҳоии “Ҷоми Кремл” баромад

Каратсев ба марҳилаи 1/4 ниҳоии “Ҷоми Кремл” баромад

Дар доираи бозиҳои даври дуюми мусобиқоти «Ҷоми Кремл», теннисбози рус - Аслан Каратсев бо намояндаи Беларус - Егор Герасимов рақобат намуд. Набарди теннисбозон дар корт 1 соату 26 дақиқа идома ёфта бо ҳисоби 6:4 ва 6:3 бо пирӯзии Каратсев хотима ёфт.

Дар ин рақобат Каратсев як иштибоҳи дуболо намуд ва аз 7 брек-пойнти имконпазир сетои онро истифода бурд. Герасимов 6 эйс карда, панҷ маротиба ба иштибоҳ роҳ дод. Баъди ин пирӯзӣ Каратсев ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар бозиҳои расмӣ ин маротибаи сеюм аст, ки теннисбозон бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ҳар се рақобат намояндаи рус пирӯзӣ ба даст овардааст.

Барои баромадан ба даври ниманиҳоии «Ҷоми Кремл» Каратсев бо ғолиби ҷуфти Маккензи Макдоналд (ИМА)-Гиллес Саймон (Фаронса) бозӣ мекунад.