Карен Хачанов дар пайи фатҳи Индиан-Уэллс

Карен Хачанов дар пайи фатҳи Индиан-Уэллс

Ракеткаи 29-уми сайёра теннисбози рус Карен Хачанов ба даври 4-уми мусобиқаи Индиан-Уэллс роҳ ёфт. Ин теннисбоз дар даври сеюм бо намояндаи Испания - Каррено Буста вориди майдони набард шуд. Рақобати ҳарифон дар корт муддати 1 соату 4 дақиқа идома намуда, бо пирӯзии Карен Хачанов хотима ёфт. Акнун дар даври 4-уми Индиан-Уэллс теннисбози рус бо Николоз Басилашвилии булғорӣ рақобат мекунад.