Кавани ба "Мадрид" меравад

Кавани ба "Мадрид" меравад

Ҳамлагари собиқи " ПСЖ" – Эдинсон Кавани метавонад корномаи худро дар "Атлетико Мадрид" идома диҳад. Мадридиҳо ба уругвайии 33-сола шартномаи дусола пешниҳод карданд. Бино ба иттилоъи L'Equipe, масъулони "Атлетико" дар як меҳмонхонаи Париж бо агентҳои Кавани мулоқот кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки қарордоди Эдинсон бо "ПСЖ" тобистони соли 2020 ба поён расид. Ҳамлагар беҳтарин нишонзан дар таърихи бошгоҳи парижӣ мебошад. Вай дар 301 бозӣ 200 гол задааст. Дар мавсими гузашта, ҳамлагар дар 14 бозии дастааш ширкат карда, чаҳор гол задааст.