Кейлор Навас тарки “ПСЖ” кард

Кейлор Навас тарки “ПСЖ” кард

Дастаи “Ноттингем Форрест”  пеш аз пӯшидашавии  равзанаи гузариши зимистона ду бозигарро ба ҳайаташ ҷалб кард.

Бошгоҳ тавонист, ки  ҳимоятгар Фелипе ва дарвозабон Кейлор Навасро ба ҳайаташ шомил созад. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ иттилоъ додааст.

 Кейлор Навас аз дастаи “ПСЖ” то охири мавсим ба “Ноттингем” ба иҷора равона карда шуд.   Фелипе аз “Атлетико Мадрид”  харида шуд. Шартнома бо ӯ барои 1,5 сол баста шудааст. Бошгоҳи шаҳри Мадрид барои бразилӣ 2,3 миллион евро гирифтааст.