Хачанов таслим шуд
Теннисбози машҳури рус Карен Хачанов баъд аз муваффақиятҳои пай дар пай ин навбат дучори шикаст шуд. Дидори дирӯзаи ӯву рақиби ҷопониаш Кеи Нишикори, ки фосилаву фурсати фаротар аз 1-соатро ба таркиб дошт бо пирӯзии Нишикори хотима шуд. Дар вохӯрии даври дуюми мусобиқоти ATP Erste Bank Open Хачанов таслим шуд ва ба марҳилаи сеюм роҳ наёфт.
Мусобиқаи ATP Erste Bank Open 500
Кеи Нишикори (Ҷопон, 5) - Карен Хачанов (Россия) - 6:2, 6:2
Таҳияи Манижа Исмоилова