Хамес Родригес ба Англия меравад

Хамес Родригес ба Англия меравад

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи «Реал» - Хамес Родригес баъди анҷоми мавсими ҷорӣ дастаашро иваз мекунад. Мадридиҳо омодаанд, ки ҳарчӣ зудтар аз Хамес ҷудо шаванд, чаро ки соли оянда ӯ футболбози озод мешавад. Ҳоло дастаҳои «Манчестер Юнайтед», «Арсенал», «Эвертон» ва «Вулверхэмптон» ба маҳорати ин футболбози колумбиягӣ мароқ зоҳир намудаанд. Дар сарчашма гуфта шудааст, ки “Реал” арзиши Хамесро 35-40 млн евро муқаррар намудааст.