«Хатлон» ғолиби марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ффт дар минтақаи хатлон шуд

«Хатлон» ғолиби марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ффт дар минтақаи хатлон шуд

Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар доираи даври ниҳоии (финалӣ) марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон бо ғолиби гурӯҳи “Б”-и минтақаи Кӯлоб - “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара баргузор гардид.

Дидори дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, ба бозингарони дастаи “Хатлон” муясар шуд, ки дар қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 68-ум ҳисоби бозиро бо голи задаи Эҳсон Бобоев кушоданд. Пас аз гузаро шудани 11 дақиқаи рақобат бозингари дастаи “Равшан” Муродов Шодӣ ҳисоби бозиро дар дақиқаи 79-ум баробар намуд ва бо ҳамин қисми асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 90 дақиқаи рақобат ғолиб муайян нагардид ва тибқи низомномаи ФФТ барои муайян кардани ғолиб ду қисми иловагии 15 дақиқагӣ дода шуд. Дар вақти иловагии вохӯрӣ Наим Иброҳимзода бо голи задааш дар дақиқаи 95-ум дастаи “Хатлон”-ро ба пеш бурд. Ба ин нигоҳ накарда, бозингари дастаи “Равшан” Сайдамири Сайдаҳмад дар қисматҳои охирини дидор дар дақиқа 120-ум дарвозаи ҳарифро рахна намуда, ҳисоби бозиро баробар намуд. Бо ҳамин, қисми иловагии бозӣ низ бо ҳисоби 2:2 ҷамъбаст шуд.

Дар натиҷа, ғолиби бозӣ аз рӯйи зарбаҳои ёздаҳметра муайян гардид, ки бозингарони дастаи “Хатлон” бо ҳисоби 3:1 зафар ёфтанд ва барандаи даври ниҳоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон гардиданд. Беҳтарин бозингар Бобоев Эҳсон аз дастаи “Хатлон” дониста шуд.

Хадамоти матбуотии Федератсияи

футболи вилояти Хатлон