Хави: "Барселона" сазовори ғалаба бар "Реал" буд

Хави: "Барселона" сазовори ғалаба бар "Реал" буд

Сармураббии бошгоҳи “Барселона” Хави Эрнандес дар бозии даври 32-юми Ла Лигаи Испания бохт аз “Реал Мадрид”-ро шарҳ дод. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и шаҳри Мадрид бозӣ карданд. Бозиро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Сезар Сото Градо доварӣ карданд. Дар ин вохӯрӣ «Реал» бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

“Дарвоқеъ, ҳарду даста имкони зиёд доштанд. Мо футболи хуб нишон додем, махсусан дар нимаи аввал. Ба ғайр аз чанд иштибоҳ мо хеле хуб ба назар мерасидем. Бар асоси бозӣ мо сазовори пирӯзӣ бар “Реал” будем ва ҳаққи гирифтани се имтиёзро доштем.

Аммо “Реал” олиҷаноб бозӣ мекард ва хуб ба назар мерасид. Гирифтани тӯб бароямон душвор буд, дар нигоҳ доштани тӯб мушкилӣ доштем. Аммо мо хуб бозӣ мекунем, бартарӣ дорем, давраҳои хубтаре доштем" гуфт Хави дар нишасти матбуотӣ баъд аз бозӣ.