Хави дар бораи бозгашташ ба “Барселона” сухан гуфт
Сармураббии дастаи «Ал-Садд» Хави гузариши эҳтимолии хешро ба дастаи “Барселона” чунин баён кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки каталониҳо барои харидории Хави ба хазинаи дастаи қатарӣ 1 млн евро пардохт мекунанд, ки онҳо Хавиро раҳо намоянд. Аллакай тарафайн ба мувофиқа расидаанд.
«Ду бошгоҳ гуфтушунид доранд. Сухан гуфтани ман шарт нест. Ҳама чиз аён аст. Ман ба ҳаяҷон омадам ва умедворам, ки ба зудӣ ҳама чиз ҳал мешавад. Хеле дар ҳаяҷонам, ки кай ба хонаам бармегарам», — мегӯяд Хави.
Ёдовар мешавем, ки қарордод байни Хави ва «Ал-Садд» то соли 2023 эътибор дорад.