Нофаҳмӣ миёни Икарди ва Ванда Нара идома дорад

Нофаҳмӣ миёни Икарди ва Ванда Нара идома дорад

Баъзе аз сарчашмаҳои хабарии аргентинӣ менависанд, ки ҳамсари форварди дастаи “ПСЖ” Мауро Икарди - Ванда Нара ба хулосае омадааст, ки аз шавҳараш ҷудо шавад.

Тибқи иттилои Infocielo Вандаро он ба хашм овардааст, ки форвард бо маъшуқааш ҳунарманди аргентинӣ - Чин Суарес дар Париж мулоқот кардааст. Маҳз ин ҳодиса Ванда Нараро маҷбур намуд, ки аз шавҳари худ ҷудо шавад. Мауро Икарди ин овозаҳоро рад намуда, мегӯяд бо ягон духтар вонахӯрдааст ва ин ҳамаро кори ВАО медонад.

Қаблан Ванда эълон карда буд, ки ӯ ва шавҳараш дар арафаи ҷудошавӣ қарор доранд. Вай дар ин бора дар Instagram-и худ навишт ва акси якҷояашонро нашр кард.