Хави – сармураббии нави «Барселона»
Коршиноси 41 солаи каталонии дастаи «Ал-Садд» яке аз муддаиёни асосӣ барои ишғоли курсии сармураббигии дастаи “Барселона” ба шумор меравад. Пас аз барканории Роналд Куман аз симати сармураббигии “Барса” журналисти машҳури итолиёвӣ Фабритсио Романо дар саҳифаи “твиттер”-и худ навиштааст, ки сармураббии нави “нилунориҳо” ин Хави мебошад. Ба иттилои манбаъ “Барселона” тайи чанд ҳафтаи охир робитаҳоро бо Хави барқарор кардааст. Ҷонибҳо ҳоло мунтазири идомаи музокирот ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Роналд Куман барои натиҷаи ғайриқаноатбахши даставӣ аз курсии сармураббигии дастаи “Барса” барканор шуда буд.