Нокомии қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ
Сеюмин рӯзи чемпионати ҷаҳон оид ба муштзанӣ бо ҳангомаҳо пушти сар шуд. Дар ин рӯз як қатор варзишгарони номдори Ӯзбекистон ва қаҳрамонони Бозиҳои олимпӣ низ ба шикастҳои ҳангомавӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Яке аз ҳангомаҳои асосии рӯзи сеюми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Белгради кишвари Сербия аз идомаи рақобат маҳрум шудани ду муштзани кишвари Куба шуд, ки яке қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ - Ронел Иглесиас (-64кг) ва дигаре қаҳрамони секаратаи ҷаҳон - Ласаро Алвареc мебошад. Ронел Иглесиас қаҳрамони дукаратаи олимпӣ дар даври аввал бо Зиёд Иашаш муштзани урдунӣ ба ринг баромад ва шикаст хӯрд. Пас аз анҷоми муҳориба ӯ бо ҳукми якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 бар қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ зафар ёфт. Зимнан дар ҳамин вазн ҳамватани Иглесиас қаҳрамони секаратаи ҷаҳон - Ласаро Алварес ҳам аз муштзани ҷопонӣ шикаст хӯрд. Дар ин вазн ҳамчунин варзишгарон Албан Бекири аз Албания, Бекфорд Едуардо аз Панама, Нишант Дев аз Ҳиндустон, Хосе Родригес аз Еквадор, Пирапат Ясенгноен аз Кирибати, Деҷлан Тоскич аз Сербия ғалаба ба даст оварданд.
Яке аз рақобатҳои хотирмони вазни 86 килограм дидори муштзани ӯзбек Шоҳҷаҳон Абдуллоев бо муштзани кишвари Белгия гардид. Шоҳҷаҳон Абдуллоев бо Виктор Скелстрает ба рақобат пардохта, даври аввали нерусанҷиро баробар пушти сар намуданд. Дар даври дуюми нерусанҷӣ Шоҳҷаҳон бо худбоварии беш аз ҳад ба ҳамла гузашта дар оғози ҳамин давр ба нокаут рафт. Ҳамин тавр Шоҳҷаҳон Абдуллоев, ки чемпиони Осиё миёни ҷавонон дар соли 2019 буд аз идомаи рақобат маҳрум гардид. Дар ин вазн Дамир Плантич аз Хорватия, Коннер Тудбари аз Англия, Ромеро Рогелио аз Мексика, Мачадо Керо аз Бразилия, Ким Ҳёнгкю аз Корея, Себастиан Викторзак аз Полша ва Латеке Кристофер аз Конго ба марҳилаи баъдии чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем имрӯз дар чемпионати ҷаҳон оид ба муштзанӣ ду варзишгари тоҷик Раҳимов Хусравхон дар варзи то 57 кг ва Амонов Саидикром дар вазни 67 кг рақобат хоҳанд кард.