Ташрифи вазири варзиши Русия ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

Ташрифи вазири варзиши Русия ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

Ҳанӯз 50 сол муқаддам, моҳи марти соли 1971 ягона боргоҳи азими варзишӣ ба сифати як факултаи хурди Тарбияи ҷисмонӣ дар заминаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолиятро шуруъ кард. Ҳоло бошад дар ин даргоҳи паҳлавонпарвар шумораи зиёди мутахассисону варзишгаронро ба камол расонид, ки шаъну эътибори Тоҷикистонро то ба арсаи ҷаҳонӣ боло бурдаанд. Имрӯз дар як ҳамоиши мутантан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов аз солгарди 50-уми таъсиси худ истиқбол гирифт. 

Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар ва 50-солагии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов 17–умин конгресси байналмилалӣ дар мавзуи “Варзишҳои шомили Бозиҳои олимпӣ” ва “Варзиш барои ҳама” баргузор гардид. Дар ҷамъомад Вазири варзиши Федератсияи Россия Матитсин Олег Василевич, Раиси Ассотсиатсияи байналмилалии мактабҳои олии касбии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои варзишии кишварҳои ИДМ, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва врзиш ширкат намуда, дар мавзуи “Ҳаракати муосири олимпӣ: дастовардҳо ва мушкилот” маърузаҳо намуданд. Дар идомаи ҷаласа меҳмонон ба суханронӣ пардохта, аз рушди варзиш ва инфрасохтори варзишӣ дар Тоҷикистон, афзоиши шумораи варзишгарони касбӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.