Хисорати калони коронавирус ба "Ювентус"

Хисорати калони коронавирус ба "Ювентус"

Натиҷаҳои фаъолияти молиявии дастаи "Ювентус" дар мавсими гузашта маълум шуданд. Тибқи иттилои сомонаи ANSA, дар мавсими 2019/20, "Ювентус" ба маблағи 71,4 миллион евро зиён дид, ки ин нисбат ба як соли пеш 39,9 миллион евро зиёдтар аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз сабабҳои чунин талафоти бузурги молиявӣ ин бемории дунёгири коронавирус мебошад. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта дастаи "Ювентус" бо ба даст овардани 83 имтиёз чемпиони Италия гардида буд.