Марҳилаи дуюми лигаи ҳендболи кишвар шуруъ шуд

Марҳилаи дуюми лигаи ҳендболи кишвар шуруъ шуд

Марҳилаи дуюми лигаи ҳендболи Тоҷикистон оғоз шуд. Дастаҳои пешсаф марҳилаи дуюмро бо ғалаба шуруъ карданд. Дар даври ҳаштум дастаи “Душанбе” тими “Сокол”-ро бо ҳисоби 30:17 мағлуб намуд. “Скиф” бар дастаи “Марко Поло” бо ҳисоби 22:14 ғалаба кард. “Паразити” тими “Сарез”-ро бо ҳисоби 17:15 ва “Ҳисор” тими “Пагранчи”-ро бо ҳисоби 26:16 шикаст доданд.