Хоҳиши президенти “Наполи” рад шуд

Хоҳиши президенти “Наполи” рад шуд

Президенти “Наполи” Аурелио Де Лаурентис хоҳиш кард, ки бозии Суперҷоми Италия бо “Ювентус”-ро ба таъхир гузоранд, менависад Football Italia бо истинод ба Радиои Пунто Нуово.
Мувофиқи хабарҳои манбаъ, президенти даста аз зич будани бозиҳо ва набудани тамошобинон шикоят кардааст. Де Лаурентиис пешниҳод кард, ки ин бозӣ наздик ба охири мавсим баргузор карда шавад, аммо дархости ӯ рад шуда, бозии “Наполи” – “Ювентус” рӯзи 20 январ дар варзишгоҳи “Мапей” (Сассуоло) тибқи нақша баргузор мегардад. 
Дар мавсими ҷории Серия А “Наполи” пас аз 16 давр 31 имтиёз ба даст оварда, дар ҷои шашум аст. Ювентус бошад бо касби 33 хол дар ҷои чорум қарор дорад.