"Хуҷанд" аввалин тамрини худро дар Бишкек баргузор кард

"Хуҷанд" аввалин тамрини худро дар Бишкек баргузор кард

Рӯзи сешанбеи 21-уми июн футболбозони дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд  дар маҷмааи варзишии «Sport city» тамринҳои дастаҷамъона доир намуданд.  Тамринҳои мазкур барои омодагӣ дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО маҳсуб мешавад, ки дастаи “Хуҷанд” дар Бишкек бозиҳояшро доир мекунад.

Дар гурӯҳи «F» ноибқаҳрамони Тоҷикистон «Хуҷанд» барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон «Дордой» ва барандаи Ҷоми Туркманистон «Копетдаг» мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро Бишкек мизбонӣ мекунад.

Дастаи “Хкҷанд” рӯзи 24-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 19:00 аввалин бозиашро муқобили бошгоҳи “Копетдаг”-и Туркманистон анҷом медиҳад.

Ғолибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА мегирад.

Ҷоми КФО- 2022

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «F»

Иштирокчиён: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Копетдаг» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Дордой» (Қирғизистон) – «Копетдаг» (Туркманистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

P.S Оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.