Дар ҶҶ-2022 як мураббӣ метавонад, ки то 15 бозигарро дар курсии эҳтиётӣ нигоҳ дорад

Дар ҶҶ-2022 як мураббӣ метавонад, ки то 15 бозигарро дар курсии эҳтиётӣ нигоҳ дорад

Ҳафтаи гузашта, Шӯрои Ассотсиатсияи Байналмилалии Футбол (IFAB) қоидаи ивазкунии 5 бозигарро дар як бозӣ ба таври доимӣ тасдиқ карда буд. Он дар давраи пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда буд ва як тадбири муваққатӣ ҳисобида мешуд. Мураббиён ҳоло ҳам метавонанд, 5 бозигарро дар 3 фосилаи вақт иваз кунанд (танаффӯс дар бозӣ).

Ҳамин тариқ, ҳар як мураббӣ имкон пайдо мекунад, ки 15 бозигарро дар курсӣ нигоҳ дорад.


Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии Қатар аз 21-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 дар 8 варзишгоҳи кишвари Қатар баргузор мешавад.