"Хуҷанд"- Ҷоми КФО-2022-ро бо ғалаба оғоз кард

"Хуҷанд"- Ҷоми КФО-2022-ро бо ғалаба оғоз кард

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд» дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «F» дирӯз, 24-уми июн бо барандаи Ҷоми Туркманистон тими «Копетдаг»-и Ашхобод андари майдони рақобат шуд.  Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда,  бо ҳисоби 1 бар 3 ба фоидаи дастаи “Хуҷанд” анҷом ёфт. Бошгоҳи “Хуҷанд” бозии навбатиашро рӯзи 30-юми июн бо дастаи “Дордой” аз Қирғизистон соати 19:00 доир мекунад. Дар сурати ғалаба ба даст овардан тими кишвари мо ба даври плей-офф роҳ меёбад.

Ҷоми КФО -2022.
Гурӯҳи «F». Даври 1
«Копетдаг» 1:3 «Хуҷанд»
Голҳо: Далер Ёдгоров, 3' (0:1). Далер Ёдгоров, 7' (0:2). Тоҳир Малодустов, 85' (1:3).
Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. Шаҳри Бишкек.

#ACC2022 #AFCCup2022 #FCKhujand