Худоҳофизии сармураббии “Реал” бо бозигарон
Маҷаллаи Marca хабар медиҳад, ки сармураббии бошгоҳи шоҳонаи «Реал Мадрид» Хулен Лопетеги бо шогирдонаш худоҳофизӣ намуд. Ин дар ҳоле рух дод, ки шогирдони Лопетеги баъди нокомии дар даври 10-уми чемпионати Испания, ки аз дастаи «Барселона» бо ҳисоби бузурги 1:5 ноком гардид. Қаблан ин маҷалла хабар дода буд, ки 29-уми октябр собиқ сармураббии бошгоҳи Челси Антонио конте ҷойгузини Лопетеги дар «Реал» хоҳад шуд.
Таҳияи Кова Тилавпур