Хушқадам ва Акмалиддин дар финали Чемпионати ҷаҳон

Хушқадам ва Акмалиддин дар финали Чемпионати ҷаҳон

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуруъ шуд. Дар рӯзи аввали рақобатҳо варзишгари маъруфи кишвар қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар вазни 64 кг ҳунарнамоӣ намуд. Хушқадам дар даври аввал бо намояндаи Қирғизистон Мақсатбек Медер нерӯ санҷида, дастболо шуд. Дар марҳилаи навбатӣ варзишгари ИМА Николай Козитскийро дар 15 сония мағлуб намуда, роҳхати марҳилаи ¼ ниҳоиро ба даст овард. Дар марҳилаи ¼ ниҳоӣ Хушқадам бо Расо Майкли итолиёвӣ даст ба гиребон шуд. Сабқат бисёр ҷолибу диданӣ сурат гирифта, варзишгари тоҷик бо 2 партофти чоримтиёза тавонист рақибашро аз сари роҳаш берун созад. Дар даври ниманиҳоӣ паҳлавони номдори тоҷик бар намояндаи Русия Александр Куликовских пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт.

Варзишгари маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов ҳам чемпионати ҷаҳон оид ба самборо бо пирӯзӣ оғоз кард. Акмалиддин дар вазни 58 кило ҳарифи якуми худ аз кишвари Тринидад ва Тобаго Чарлес Тайронро ноком сохта, ба марҳилаи навбатӣ баромад. Ин дафъа Акмалиддин бо Ёссир Боуҳессоуни марокашӣ неру санҷид. Ин рақобат ҳам бисёр ҳассос ҷараён гирифт. Варзишгари тоҷик тавонист қабл аз анҷоми вақт бар ҳарифаш зафар ёфта, роҳи худро ба даври ниманиҳоӣ ҳамвор созад. Паҳлавони тоҷик дар ин давр бо варзишгари қазоқ Болатбек Раҳимқулов ба майдон баромад. Нахуст самбочии қазоқ пешсаф буд, вале Акмалиддин бо як партофти чоримтиёза афзалиятро ба даст гирифта, дастболо шуд. Ҳамин тавр, Акмалиддин Каримов ба финали Чемпионати ҷаҳон-2021 роҳ ёфт.

Узви дигари мунтахаби самбои кишвар Шоҳида Қаландарова бошад, миёни бонувон ноком шуд. Шоҳида аз рақиби якуми худ   Анда Валвои руминиягӣ шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Рақобатҳои ниҳоӣ бо иштироки варзишгарони тоҷикро метавонед имрӯз соати 18:00 аз ТВ “Варзиш” тамошо намоед.