Хушхабар! Варзишгоҳҳо пур аз мухлис мешаванд

Хушхабар! Варзишгоҳҳо пур аз мухлис мешаванд

Бошгоҳи "Барселона" барои пур кардани “Камп Ноу” аз мухлисон иҷозат гирифт. Рӯзи 12-уми октябр президенти Каталония - Пере Арагонес маҳдудиятҳои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзиширо бекор кард. Ҳамин тариқ, “нилунориҳо” метавонад “Камп Ноу”-ро то 100% бо тамошобинон пур кунанд.

Маврид ба зикр аст, ки “Барселона” наздиктарин бозии хонагии худро рӯзи 17-уми октябр дар хонааш бо дастаи “Валенсия” доир мекунад.