Рӯнамоии силсилафилми Amazon дар бораи Марадона

Рӯнамоии силсилафилми Amazon дар бораи Марадона

Amazon Prime Video силсилафилми нави худро доир ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз беҳтарин футболбозон дар таърих - Диего Марадона ироа кард.

Силсилафилм “Blessed Dream” ном дошта, дар бораи пастиву баландиҳои саргузашти футболбози аргентинӣ қисса мекунад. Нақши Марадонаро дар он якбора чандин ҳунармандон, аз қабили Николас Голдшмидт, Насарено Касеро ва Хуан Паломино бозидаанд. Нахустнамоиши cилсилафилми мазкур 29-уми октябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, Диего Марадона 25-уми ноябри соли 2020 аз сактаи қалб дар 60 солагӣ даргузашт.