Комроншоҳ аз Бишкек медал меорад

Комроншоҳ аз  Бишкек медал меорад

Комроншоҳи Устопириён-90кг, ки кишварро дар мусобиқаи Asia-Oceania Senior Championships намояндагӣ дорад, барои нишони биринҷӣ мубориза мебарад. Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар даври ½ ниҳоӣ бо ду карат барандаи нишони тиллои “Тоскулоҳи бузург” ҷудочии ҷопонӣ - Сёитиро Мукай рақобат намуда, аз ӯ шикаст хурд. Аммо Комроншоҳ барои соҳиб шудани медали биринҷӣ варзишгари чинӣ - Бу Ҳебилигиро таслими хеш кард.