Темур барандаи медали биринҷии мусобиқаи Asia-Oceania Senior Championships

Темур  барандаи медали биринҷии мусобиқаи Asia-Oceania Senior Championships

Дар шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) баргузор шуд, ки дар рӯзи сеюми мусобиқа паҳлавони шинохтаи сангинвазни кишвар Темур Раҳимов +100кг ба набардҳо шуруъ кард. Дар даври аввали ин чорабинӣ Темур ҷудочии кишвари Ҳиндустон - Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври ¼ ниҳоӣ бошад, Раҳимов бар варзишгари мизбон Юрий Краковетский дастболо шуда, ба даври ½ ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимфинал Темур бо варзишгари ошно Хисаёши Харасаваи ҷопонӣ, ки дар даври ¼ ниҳоии мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Анталия шикаст хурда буд, боз дучори нокомӣ шуд. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ Темур ҷудочии қазоқ - Кажибаев Ерасилро дучори шикаст намуд. Бояд хотиррасон намуд, ки ин 8-умин медали биринҷии ҷудоварзони тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Қаблан Расул Боқиев -73кг (Asian Championships Guangzhou 2010, Asian Championships Seniors 2012), Комроншоҳи Устопириён -90кг (Asian Championships Seniors 2015), Саидҷалол Саидов -100кг (Asian Championships Seniors 2015), Комроншоҳи Устопириён -90кг (18th Asian Games Jakarta 2018), Шакармамад Мирмамадов +100кг (18th Asian Games Jakarta 2018) ва Комроншоҳи Устопириён -90кг (Asia-Oceania Senior Championships 2021) ба ин натиҷа даст ёфта буданд.