Комроншоҳу Абубакр дар Чемпионати Осиё, 5-ум шуданд

Комроншоҳу Абубакр дар Чемпионати Осиё, 5-ум шуданд

Дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар шаҳри Нур Султони Қазоқистон ҷудокорони кишвар Комроншоҳи Устопириён ва Абубакри Акобир 5-ум шуданд.

Комроншоҳи Устопириён зери вазни то 90 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ озод буд ва дар даври чаҳорякниҳоӣ аз ҷудокори мизбон – Дидар Хамза шикаст хурд ва ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Комроншоҳ муқобили ҷудокори чинӣ – Ядонг Хийеро бо имтиёзи иппон ғолиб омад ва барои ба даст овардани нишони биринҷии мусобиқа аз ҷудокори муғул – Алтанбагана Гантулга мағлуб шуду зинаи 5-умро дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни бузургсолон ишғол кард.


Ҷудокори дигари кишвар - Абубакри Акобир зери вазни то 100 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ муқобили ҷудокор аз Тайпеи Чин – Йи Ҳсианг Ли зафар ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз ҷудокори бомаҳорати ӯзбек Отабек Турабоев мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Абубакр, муқобили ҷудокори қирғиз – Алманбет Мамазаиров мазаффарият ба даст овард ва барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо ҷудокори мизбон – Нурлюхан Шархан мағлуб гардид. Абубакр миёни 11 ҷудокори иштирокчии ин вазн дар Чемпионати Осиё зинаи 5–умро касб кард.


Пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охири Қаҳрамонӣ рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.

Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Чемпионати мазкур 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё ширкат доранд.