Комёбии «Наполи» бар намояндаи Полша

Комёбии «Наполи» бар намояндаи Полша

Дастаи «Наполи» дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо бо тими «Легия»-и Полша баромад намуд. Вохӯрии дастаҳо ҷолибнок сурат гирифта, бо натиҷаи 3:0 ба суди дастаи итолиёвӣ хотима ёфт. Дар ин нерусанҷӣ голҳоро Лорентсо Инсинйе, Виктор Осимхен ва Маттео Политано ба самар расониданд. Баъди ин пирӯзӣ дастаи «Наполи» бо касби 4 хол дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи “С” қарор гирифт.

Лигаи Аврупо

Гурӯҳи C

«Наполи» (Италия) — «Легия» (Полша) — 3:0 (0:0)

Голҳо: Инсинйе, 76 (1:0). Осимхен, 80 (2:0). Политано, 90+5 (3:0).