Конор: «Диего ором бихоб»

Конор: «Диего ором бихоб»

Собиқи қаҳрамони UFC дар ду категорияи вазнӣ - Конор Макгрегор ба хабари марги футболбози дастони Аргентина - Диего Марадона ғамгин шуда чунин навишт.

"Диего, ором бихоб"-,навиштааст ирландӣ дар зери акси Марадона.

Марадона бештари корномаи худро дар дастаҳои “Бока Хуниорс” (1981 - 1982, 1995 - 1997), Барселона (1982 - 1984) ва “Наполи” (1984 - 1991) сипарӣ намудааст.

Вай инчунин аз соли 2008 то 2010 сармураббии тими миллии Аргентина буд.