Костюк аввалин маротиба дар корномааш ба даври нимниҳоии “Australian Open 2023” роҳ ёфт

Костюк аввалин маротиба дар корномааш ба даври нимниҳоии “Australian Open 2023”  роҳ ёфт

Теннисбози украинӣ Марта Костюк ва Елена-Габриэла Рузеи  руминӣ ба даври нимниҳоии мусобиқаи ҷуфтии “Australian Open 2023”  роҳ ёфтанд.

Костюк ва Рузе дар даври 1/4 – ниҳоӣ муқобили Сторм Хантери автралиягӣ ва  Элизе Мертенси белгиягӣ бо ҳисоби 7:6, 2:6, 6:4 пирӯз шуданд.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 30 дақиқа идома кард. Маврид ба зикр аст, ки Костюк бори аввал дар корномаи  худ ба даври ниманиҳоии ҷуфт дар мусобиқоти кушоди Австралия роҳ ёфт. Ҳамчунин ин аввалин иштироки ӯ дар даври ниманиҳоии мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” аст.

Ҳамакнун дар даври нимниҳоӣ   Костюк ва Рузе бо Барбора Крейчикова ва Екатерина Синякова, ки  ҳарду аз Чехия мебошанд,  бозӣ мекунанд.