Коул Палмер беҳтарин бозигари мавсим дар “Челси” дониста шуд

Коул Палмер беҳтарин бозигари мавсим дар “Челси” дониста шуд

Хадамоти матбуоти дастаи «Челси» натиҷаҳои овоздиҳии инфиродии худро барои унвони беҳтарин футболбози мавсим нашр кард.

Дар натиҷа собиқ бозигари “Манчестер Сити” Коул Палмер беҳтарин эътироф шуд, ки тобистони соли 2023 ба “Челси” омада буд.

Бозигари англис дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 37 гол задааст. Ба Коул ҳамаи ҳамдастаҳояш якдилона овоз додаанд.