Кова Тилавпур: "Эҳсони Панҷшанбе ба Премйер-лига меравад"

Кова Тилавпур: "Эҳсони Панҷшанбе ба Премйер-лига меравад"

Агенти футбол Кова Тилавпур дар бораи таваҷҷӯҳи бошгоҳҳои Русия ба яке аз беҳтарин футболбозони тоҷик - Эҳсони Панҷшанбе сӯҳбат кард. Дар ин бора сомонаи Матч ТВ хабар медиҳад

Оё ҳақиқат аст, ки дастаи «Химки» ба Эҳсони Панҷшанбе таваҷҷуҳ намудааст?

"Бале ҳамаи ин овозаҳо ҳақиқат доранд. Бисёриҳо ба Эҳсон таваҷҷӯҳ доранд. Ӯ яке аз беҳтарин футболбозони Тоҷикистон ва беҳтарин бозигари ҷавони кишвар аст. Ба назари ман имрӯз ӯ боистеъдодтарин нимҳимоятгари Осиёи Марказӣ аст. Бо дархости «Химки» чанд агенти Русия бо ман тамос гирифтанд. Ба назар чунин менамуд, ки ҳама чиз хуб пеш меравад, аммо ваъдаҳо ва изҳороти пурсарусадои ҳамкасбони рус афсонавӣ буданд. Ба гайр аз дастаи «Химки» мо аз «Тамбов» дархост доштем, вале дар рафти гуфтушунид тарафҳо розй нашуданд. Гузариши Панҷшанбе ба яке аз бошгоҳҳои Суперлигаи Туркия ба эҳтимоли зиёд ба назар мерасид, вале бошгоҳи феълии Эҳсон «Навбаҳори»-и Ӯзбакистон аз маблағи пешниҳодкардаи туркҳо қаноатманд набуд. Умедворам, ки Эҳсонро дар яке аз клубҳои пурқуввати Русия мебинем. Шартнома бо «Навбаҳор» то охири соли 2022 эътибор дорад".

Дар ҳоли ҳозир нимҳимоятгари 22-сола дар тими “Навбаҳор”-и Ӯзбакистон бозӣ мекунад. Дар 22 бозии мавсим ӯ ду гол ва як партофти головар анҷом додааст.