Моуринйо дар бораи кори эҳтимолӣ дар Арабистони Саудӣ ибрози андеша кард

Моуринйо дар бораи кори эҳтимолӣ дар Арабистони Саудӣ ибрози андеша кард

Мутахассиси португалӣ - Жозе Моуринйо дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Фабритсио Романо дар бораи имкони роҳбарии дастаҳои Лигаи Арабистони Саудӣ ибрози назар кард.

"Шумо сармураббии дастаҳои Лигаи футболи Арабистони Саудӣ мешавед? Агар шумо дар оянда аз ман пурсед ... ҳеҷ гоҳ дигар дар ин бора напурсед. Криштиану Роналду дарро дар ин самт боз кард.

Барои ман пешниҳоди муҳиме буд, аммо ман рад кардам, зеро ба “Рома” содиқ будам”, - гуфт Моуринйо.

Мураббии 61-солаи португалӣ аз моҳи июли соли 2021 то январи соли равон тими “Рома”-ро сарварӣ кард. Бо дастаи шаҳри Рим мутахассиси португалӣ унвони қаҳрамонии Лигаи Конфронсияҳоор ба даст оварда, дар финали Лигаи Аврупо мағлуб шуд. Моҳи январи имсол Моуринйо аз вазифааш барканор шуд.